Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикитсон ба Си Ҷинпин, президенти Чин дар робита ба ҷон бохтани даҳҳо шаҳрванди Чин дар пайи як заминларза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст. Тибқи маълумоти охирин, то ҳол бар асари ин ҳодиса 126 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар осеб бардоштаанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 7-уми январ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба раисҷумҳури Чин гуфтааст, ки хабари фавт ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Чин бар асари заминларза ӯро андӯҳгин кардааст.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинии худ ва ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин, ба мардуми Чин ҳамдардӣбаён карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин ҳодиса ба Чжао Летсзи, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин номаи тасаллӣ ирсол кардааст.
Дар нома зикр мешавад, ки хабари заминларза “боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.
“Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Чин иброз дошта, ба пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”,-омадааст дар барқия.
Ёдрас мешавем, ки заминларзаи 6,8 балла дар минтақаи мухтори Тибети Чин дирӯз, 7-уми январ, бо шиддати 6,8 балл рух дод. Дар пайи он, тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, то бегоҳи рӯзи гузашта шумораи ҷонбохтаҳо ба 126 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба 188 нафар расида буд.
Дар радиуси 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир буда, ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи мақомоти Шигатсе, беш аз 3600 хона фурӯ рехт, 407 нафар дар зери харобаҳо монда наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ҷустуҷӯи афроде, ки дар зери харобаҳо мондаанд, идома дорад. Наҷотдиҳандагон саъй доранд, ба зудӣ барои наҷотёфтагон хайма бисозанд, зеро пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард шавад.