Хадича – духтараки шашмоҳае, ки ҳамроҳ бо ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) бо захми корд бистарии беморхона буд, субҳи имрӯз, 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохтааст. Ҷасади ӯро ҳамин рӯз ба хок супоридаанд. Ду бародараш аз беморхона рухсат шудаанд. Тибқи иттилои то ин лаҳза дастрас, онҳоро модарашон бо корд задааст.
Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Хатлон марги Хадичаро тасдиқ карда, гуфт, ӯ аз ноҳияи шикам, болои китф ва дасташ, се корд хӯрда, дар шуъбаи эҳёи беморхонаи ноҳияи Шаҳритус бистарӣ буд.
Дирӯз масъули ин ниҳод вазъи Хадичаро вазнин, аммо ҳолати бардарони ӯро беҳтар арзёбӣ карда буданд.
Бояд гуфт, ки ин се кӯдаки хурдсол, ба қавли як масъули ҳукумати ноҳияи Қубодиён, аз дасти модарашон бо корд захмӣ шудаанд.
Радиои Озодӣ навиштааст, ки ҳодиса 21-уми июн дар деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён рух додааст ва ин зан Юлдуз Бозороваи 24-сола мебошад.
“Ҳодиса дар хонаи хоби кӯдакон рух додааст. Яке аз кӯдакон аз дасти модар сӯи дар гурехта бобояшро садо карда, баъдан аз ҳуш рафтааст. Аъзои дигари хонавода, ки ҳудуди 10-12 нафар буданд, аз ҳодиса хабардор шуда, якҷо бо ҳамсоя кӯдаконро зуд ба беморхона бурдаанд”, - гуфт масъули ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс”.
Як манбаъи дигари “Азия-Плюс” гуфт, зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид.
Сабаби ба чунин кор даст задани ин зан маълум нест.
Вале аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набуд ва “ягон моҷарои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надошт”.

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ин бора маълумот надоранд, чунки тафтишотро додситонии вилоят пеш мебарад. Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои тамос бо додситонии вилоят ва дастрас кардани шарҳи бештар бесамар анҷомид.
Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки ҳоло зан дар боздошт аст. Маълум нест, ки бар зидди ӯ парванда боз шудааст ё не.
Навори бо корд захмӣ шудани чанд кӯдак чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси вокуниши тунди корбарон гардид. Аксаран талаб доштанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.
Ин ҳаводис дар ҳоле баҳсбарангез шуд, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯи модарашон дар ноҳияи Фархор расонаӣ ва боиси баҳси тунд дар ҷомеа шуд.
КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард.
Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста