Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивасток дар робита латукӯб ва таҳқири чанд шаҳрвандаш дар ин кишвар ба мақомоти Русия нотаи расмӣ фиристодааст. Дар ин бора Юсуф Кобулҷонов, консули генералии ин кишвар хабар додааст, менависад хабаргузории "Фарғона".
Шаби 10-уми сентябри соли равон дар минтақаи Приморск як гурӯҳ наврасон дар ҳолати мастӣ ба автомашинае осеб расонида, ба дохили он газ мепошанд ва сипас ба ронандаи мошини боркаш дармеафтанд.
Дар идома дар дохили мағозаи шабонарӯзӣ ба як ронандаи таксӣ ва мусофираш, ки гуфта мешавад шаҳрвандони Ӯзбекистонанд, дарафтода, онҳоро аз нигоҳи нажодӣ таҳқир ва латукӯб мекунанд.
Ҳоло шахсияти ҳамаи ҳамлагарон муайян карда шуда, яке аз онҳо боздошт ва ду нафари дигардар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Юсуф Кобулҷонов гуфтааст, ки дар Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи ин ҳодиса бо пайванд ба авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, ба осебдидагон кумаки ҳуқуқӣ расонида, онҳо ба мақомоти пулиси Владивосток муроҷиат кардаанд.
Дар Консулгарии генералӣ зикр кардаанд, ки ин қазия зери назорати намояндагиии дипломатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, дипломат аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш намудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва ба даъватҳои худсарона маҳкум кардани гунаҳкорон роҳ надиҳанд.
Бори аввал нест, ки Ӯзбекистон дар робита ба бархурди тунди шаҳрвандон ва мақомоти Русия нисбат ба табааш ба ин кишвар нотаи эътирозӣ мефиристанд. Аз ҷумла, аввали моҳи сентябр ВКХ Ӯзбекистон бо ирсоли як нотаи расмӣ ба ВКХ Русия хост, шахсияти фарде, ки дар Химкии вилояти Маскав як ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, шиносоӣ карда, алайҳи ӯ чораи қонунӣ андешад.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста