Дар пайи бархӯрди ду мошини сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 4 нафар ҷон бохта, 2 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар се рӯзи охир, ин сеюмин садамаи марговар дар Суғд аст, ки расонаӣ мешавад.
Аз ширкати “IRS”, ки ба нигоҳубин ва пулчинӣ дар ягона роҳи пайвандгари шимолу маркази кишвар машғул аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин садама нисфирӯзии имрӯз, 22-юми сентябр дар километри 277-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд рух додааст.
“Дар натиҷа чор нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. Ду каси дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд”, - гуфтанд аз ширкати “IRS”.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби ҳодиса ва аз куҷо будани нафарони ҷонбохтаву маҷруҳон маълум нест.
Дар навори ҳодиса, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки мошинҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.
Бояд гуфт, ки дар се рӯзи охир ин сеюмин садамаи маргбор дар вилояти Суғд аст, ки расонаӣ мегардад. Рӯзи 20-уми сентябр дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, 1 нафар ҷон бохта, 5 тани дигар захмӣ шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Мирзораҷаб Ниёзови 48-сола, ронандаи худрави тамғаи “Korando” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Деваштич ба сӯи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ берун шудаву ба садама дучор омадааст.
Дар натиҷа, аз 5 мусофири дохили мошин як нафарашон, ки зани 40-солае аз ноҳияи Зафаробод будааст, ҷон бохтааст. Ронанда, ки гуфта мешавад, сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ аст, ҳамроҳ бо чор мусофири дигар захмӣ ва дар бемористон бистарӣ гардидаанд.
Инчунин дар ин рӯз дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар пайи садамаи нақлиётӣ 5 узви як оила ҷони худро аз даст доданд.
Мақомот гуфтанд, ки Амирбек Муродов, ронандаи мошини барқӣ (электромобил), ки ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш аз самти Хуҷанд ба Душанбе сафар дошт, ба як мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдааст.
Дар пайи ин бархӯрд, таркиш рух дода, ронандаи 45-солаи як ҷо бо ҳамсари 41-сола, инчунин, ду духтарашон, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол доштаанд ва писари 5-солаи оила ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, хонавода сокинони шаҳри Истаравшан будаанд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.





“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста