Хуҷанд. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Исфара шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон боз як корманди милисаро захмӣ карданд. Манбаъи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ҳодиса чанд рӯз қабл рух додааст. Аз додани маълумоти муфассал дар ин хусус худдорӣ карда шуд. Танҳо ҳаминаш муайян аст, ки милисаи захмишуда дар беморхона табобат мегирад.
Ёдрас мекунем, шоми 28-уми августи соли равон дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сӯи кормандони шӯъбаи умури дохилии Исфара-2 аз автомат оташ кушода, сипас аз ҷои ҳодиса ғайб зада буданд. Афсарон Фирӯз Олимови 28-сола ва Ҷамшед Аҳмедови 22-сола ҳангоми назорати кӯчаҳои маркази шаҳри Исфара дар дасти ду нафар шахсони шубҳанок сумкаи калони сиёҳеро мушоҳида мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки чизҳои дар сумка бударо нишон диҳанд, вале шахсони шубҳанок аз ин амал саркашӣ мекунанд. Қарор мешавад, ки онҳо ба шӯъба бурда шаванд. Ҳар чаҳор нафар ба мошини милиса менишинанд ва дар роҳ яке аз онҳо аз дохили сумка силоҳи оташфишонро гирифта милисаҳоро мепарронад ва пас аз ин онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Ҷинояткорон то ҳанӯз дастгир нашудаанд ва тафтишот идома дорад.



“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста