Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Тӯли се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазору 333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,8 дарсад бештар аст.

            Дар ҷараёни нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки дар ин давра мутобиқи қарори додгоҳҳо 826 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2 ҳазору 35 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 217 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд.

            «Дар натиҷаи ошкор сохтани қонуншиканиҳо ва норасоиву камбудиҳо дар зарфи се моҳи соли равон ба давлат дар ҳаҷми беш аз 18 млн. сомонӣ зарар расонида шуд», - афзуд муовини додситони кулли ҷумҳурӣ.