Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи афродеро боздошт намуданд, ки ният доштаанд, дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

            Дар яке аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ҷузъиёти муфассали масъалаи мазкурро шарҳ доданд.

            Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми июл дар посгоҳи ноҳияи Дарвоз автомашинаи навъи «Toyota Land Cruiser» бо се нафар мусофири озими шаҳри Душанбе боздошт шуда, зимни бозпурсии кормандони милиса онҳо посухҳои мушаххасе надода ва дар натиҷа кормандони милиса муваққатан ин афродро боздошт кардаанд. Сипас маълум шудааст, ки онҳо узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ) буда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона муқобили нерӯҳои эътилоф дар Афғонистону Покистон ва нерӯҳои ҳукумати Покистон дар Вазиристон ширкат варзидаанд. Тибқи нишондоди боздоштшудагон, онҳо мувофиқи дастури роҳбари ҲИӮ Тоҳир Юлдошев, ки онҳо ӯро «Амирсоҳиб» ном мебаранд, барои анҷом додани як қатор амалҳои терррористӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

            Тибқи маълумоти сарчашма, ду нафар боздоштшуда аз ноҳияҳои Исфараву Тавилдара буда, нафари саввум бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон сокини вилояти Тахори Афғонистон будааст.

            Зикр гардид, ки ҳангоми кофтукови манзили зисти онҳо дар Хоруғ, ки муваққатан ба иҷора гирифта буданд, силоҳи оташфишон, норинҷакҳо, миқдори зиёди маводи тарканда ва воситаҳои муосири барқарор кардани алоқа дарёфт ва мусодира карда шудаанд. «Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҷиҳати боздошти аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ҳаммаслакони онҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳо меандешанд», - афзуд манбаъ.