Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 85,5% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, иҷрои нақша дар ВМКБ ба андозаи 93,*%,вилояти Суғд – 70,4%, вилояти Хатлон – 95% ва шаҳри Душанбе ба андозаи 78,4% ба иҷро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ дар саросари кишвар  нақшаи даъвати ҷавонон дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба иҷро расида, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев ба раисони ин шаҳру навоҳӣ номаи миннатпазирӣ ирсол кардаст.

Ёдрас мекуем, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то 31-уми май идома хоҳад ёфт.