Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд барои мусоидат ба дохил шудан ба шӯъбаи бюҷетии донишгоҳи мазкур аз довталаб 2 ҳазору 300 доллари ИМА маблағ талаб кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд А.А. ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шудааст. Нисбати ин амали ӯ мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли кишвар 30 далели ба қаллобӣ даст задан ба қайд гирифта шудааст.