Дар зарфи як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳудуди 40 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ, полковники милиса Мансур Бухориев хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», сокини 26-солаи ноҳияи Шӯробод Муҳаммад Ӯлмасов ба огаҳии кормандони милиса дар бораи манъи мошин эътибор надода, суръати ҳаракати мошинро афзуд ва дар кӯчаи дигар ба садама дучор шуд. «Ӯ дар ҷойи ҳодиса автомобил, ҳуҷҷатҳо ва телефонашро гузошта, паноҳ бурданӣ буд, вале боздошт шуд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз пинҳоноҳи махсус беш аз 35 кило мавод мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира карда шуд.

Худи ҳамон рӯз дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир дар дохили меъда сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Ҳусейн Воҳидов боздошт гардидааст. Ӯ ният дошт, ки дар дохили меъдаи худ 724 грамм маводи сахттаъсири героинро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ҳамчунин қаблан маҳкумшуда Мирзоалим Ризоеви 33-соларо боздошт намуданд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ ҳудуди 1 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира карда шуд.