Дар шаҳри Хуҷанд гумонбар ба қатли ду нафар сокини шаҳр Денис Мартинови 33-сола боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ ба куштор аз рашк даст задаст. «Нимаи рӯзи 5-уми декабр гумонбаршуда ба манзили Иброҳим Салимов омада, ба ҳамхонаи худ Олга Салтанова ва соҳибманзил бо корди хоҷагӣ якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа онҳо дар ҷойи ҳоиса ба ҳалокат расида буданд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, далели шаъӣ – корд мусодира гардида, маводи ҷамъшуда ба парвандаи ҷиноии қаблан бозшуда мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ) илова шудаанд ва тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста