Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Хатлон собиқ раиси ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар Нуралӣ Раҷабовро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Ӯ мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) гунаҳкор дониста шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Н.Раҷабов аз моҳи ноябри соли 2007 то моҳи марти соли 2010 ба ҳайси раиси ҷамоати номбурда ифои вазифа намудааст. Дар ин муддат ӯ бо истифода аз боварии аҳолии маҳаллӣ, аз онҳо ба ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил 31,5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.
Дар таърихи 22-юми сентябр суди ноҳияи Бохтар парвандаи ҷиноии мазкурро баррасӣ карда, Раҷабовро ба 12 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Раҷабов ба ин ҳукм қонеъ нагардида, ба суди вилотятӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод кард ва рӯзи 8-уми декабр ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноӣ парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз қонуни афв ҳукмро ба мӯҳлати 2 сол кам кард.
Аммо маҳкумшуда худро гунаҳкор намешуморад ва ният дорад, ки аз болои ҳукм ба Суди олии ҷумҳурӣ шикоят барад.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста