Тафтишот оид ба далели марги сокини шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиев, ки дар таърихи 30-юми октябр пас аз бозпурсии кормандони милиса ба ҳалокат расид, шубҳаовар аст. Дар ин бора адвокати ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд шоҳидоне мавҷуд ҳастанд, ки ба ин қазия даст доштани кормандони дигари шӯъбаи мазкурро тасдиқ месозанд, вале мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ  (Хунукназарӣ) айб танҳо ба муфаттиши ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳмон Додов пешниҳод шуда, дигарон танҳо аз вазифа сабукдӯш гардиданд.

«Тибқи маводи парванда, шоҳидоне ҳузур доранд, ки мустақиман ба нисбати Шодиев истифода шудани воситаҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла шиканҷ ишора мекунанд. Аммо дар ҷараёни тафтишот ин нишондоди шоҳидон ба инобат гирифта намешавад, ки ба воқеӣ будани тафтишот шубҳа меорад», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки гумонбаршуда ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ Баҳромиддин Шодиев 28-сола дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Маркази миллии тиббӣ интиқол дода шуд ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расид.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дуздӣ баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Пас аз ин ҳодиса дар Вазорати корҳои дохилӣ тафтишоти дохилӣ доир гардида, барои риоя накардани тартиботи бозпурсӣ кормандони фаврӣ -  майори милиса Диловар Муродов, капитани милиса Алишер Иноятов ва муфаттиши масъули тафтиши ҳодисаҳои дуздӣ лейтенанти милиса Абдураҳмон Додов аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Ғайр аз ин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милиса Илҳомҷон Каримов низ аз вазифа озод гардид.

Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур полковники милиса Сафармад Одинаев, сардори шӯъбаи тафтишот майори милиса Абдуқодир Назаров ва муовини ӯ Баҳодур Содиқов огоҳии қатъӣ эълон гардид.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

Аз ҷумла дар изҳороти ташкилот гуфта мешуд, «эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад.  Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд».