Дар вилояти Суғд ба афроди дастдошта дар содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ҳукми додгоҳ содир шуд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи додгоҳӣ, додраси додгоҳи вилоятӣ Додоҷон Гадойбоев хабар дод, аз 53 нафар айбдоршавандагон оид ба ин парвандаи ҷиноӣ 5 нафар – Фирдавс Каримов, Соҳибҷон Собитов, Исматулло Бобоев, Зафар Каримов ва Акмал Ҳошимов ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, айбдоршавандагони боқимонда ба мӯҳлатҳои аз 8 то 30 сол равонаи зиндон гардиданд.
Мурофиа рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ пушти дарҳои пӯшида дар бинои боздоштгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Маълум аст, ки ҳукм ба айбдоршавандагон бидуни ҳузури адвокатҳои онҳо эълон карда шуд ва ин мухолифи меъёрҳои мурофиавӣ аст.
Ёдрас мекунем, ки мурофиаи додгоҳии мазкур моҳи июли соли равон оғз гардид. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан окинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.
Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуданд.
Аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста