Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори навбатии маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ин навбат дар оташдонҳои махсус 213 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 47 кило ҳашиш, беш аз 5 кило героин, 333 грамм афюн ва 160,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд. Ғайр аз ин, як миқдор ҳаб (таблетка)-ҳои фенобарбитал, ки воситаи психотропӣ мебошад, низ нобуд карда шуд.

«Маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 25 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст», - гуфтанд дар Агентӣ.

Чорабинии мазкур дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти интизомӣ, судӣ, рӯзноманигорони воситаҳои ахбори умуми ватаниву хориҷӣ доир гардид.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз замони таъсиси Агентии назорати мавои нашъаовари назди президенти Тоҷикистон тариқи сӯзонидан ҳудуди 14 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст.