Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 17 ҳукми ҳабси абад содир намуданд, ки нисбат ба соли пештара 14 ҳукм бештар аст.
Зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳукми қатл мораторий эълон шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукми ҳабси абад ҳамчун алтернативаи ҳукми қатл дар 5 навъи ҷиноятҳо – одамкушӣ, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнин, терроризм, қатли ом ва биотсид пешбинӣ шудааст.
«Ба ҳабси абад аслан ашхоси дар куштори бераҳмона, терроризм, аз ҷумла содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Хуҷанд маҳкум шудаанд. Ҷиноёте ба монанди қатли ом ва биотсид дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст», - иброз дошт Азизов.
Ба гуфтаи Азизов, соли гузашта дар Тоҷикистон аз рӯйи парвандаҳои ҷиноӣ дар маҷмӯъ 5 ҳазору 973 ҳукм содир шудааст. Миёни онҳо 54 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ низ мавҷуд аст, ки дар 15 ҳолат шаҳрвандон пурра ва дар ҳолатҳои боқимонда қисман бегуноҳ шуморида шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ ҳудуди 119 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2010 ба миқдори22 ҳазор зиёдтар аст.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста