Қарор шуд, мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии марги корманди Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов, ки мебоист имрӯз оғоз мегардид, ба 19-уми январ мавқуф гузошта шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида Ҳомид Маъмуров хабар дод, мурофиа бинобар сабаби аз боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе ба толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт наовардани айбдоршавандагон мавқуф гузошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки падари марҳум Шодӣ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки бо анҷоми дубора бозбинии парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир карда шуд. Мутобиқи он, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г», (Авбошӣ), 32, қ. 3-320, қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат) ва 108, қ. 1 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) айбдор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.
Дар таърихи 26-уми июли соли гузашта директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд. Парванда ҷиҳати бозбинии дубора ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуда буд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста