Муҳаммади Тилозода, писари сиёсатмадори варзида, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабс гирифта шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и шаҳри Ваҳдат қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ӯ ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гумонбар дониста мешавад.
Рӯзи 3-юми майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат сокини 12-солаи деҳаи Андигони Боло Муҳсиддин Ортиқов зери чархи автомашинаи «Toyota Camry»-и М.Тилозодаи 21-сола монд. «Баъди зарба гирифтан аз мошин ӯ ба ҳуш наомада, дар остонаи 12-солагиаш, рӯзи 4-уми май ба ҳалокат расид», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар дод, ҳизб аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост мекунад, ки ҳодисаи мазкур дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Ба иттилои манбаъ, айни замон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо сафари хизматӣ дар яке аз кишварҳои арабӣ қарор дорад. Писари М.Кабирӣ донишҷӯйи яке аз макотиби олии Малайзия мебошад.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста