Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти  «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилдоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо 20 ҳазор ниҳоли бангдона решакан шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, боз 11 ҳазор ниҳоли бангдона дар заминҳои кишти хоҷагии истеҳсолии кооперативии «Кишоварзони Навгилем»-и шаҳри Исфара дарёфт ва нобуд гардидааст.

Дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.