Чанде қабл ҳангоми азназаргузаронии мавзеи Деволбарси ноҳияи Шӯрообод, ки ба Афғонистон ҳаммарз аст, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ошкор намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз пинҳонгоҳ 1 адад найза, корди бе рақам (штыкнож), 20 адад халтаи полиэтилени дорои 418 килою 980 грамм маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бар ин назаранд, ки ин миқдори маводи мухаддири мусодирашуда моли қочоқчиёни афғон аст.