Cоли равон кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд беш аз 145 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137 кило камтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Насим Олимов хабар дод, аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда беш аз 22 килояшро героин, 9 килояшро – афюн ва зиёда аз 113 килояшро маводи мухаддири навъи ҳашиш ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далелҳо 109 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот нисбат ба аксари парвандаҳо дар ин хусус идома дорад.

Ба сурати умум дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 240 кило (нимсолаи аввали соли 2011 – 346 кило) маводи мухадирро мусодира кардаанд, ки беш аз 61 килои он – героин, зиёда аз 155 кило – ҳашиш ва беш аз 22 кило – афюн мебошад.