Собиқ сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев, ки дар садамаи марговар айбдор карда мешавад, натанҳо аз мансаб сабукдӯш, балки мутобиқи моддаи 212, қ. 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки ба марги шахс оварда расонид)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба журналистон иттилоъ дода шуд, ки тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад. Зикр гардид, ки дар он садамаи марговар ду нафар – ронанда ва мусофири автомашинае, ки ба он автомашинаи Сӯфиев бархӯрд, ба ҳалоркат расидаанд.

Моддаи айбдории ба Сӯфиев пешниҳодшуда маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз се то 5 сол ва манъи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Шоми рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба самти хиёбони Шерозӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Хокиро Сӯфиев аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бармехӯрад.

Бар асари ин садама ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ва мусофири ӯ ба ҳалокат расиданд. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш ва аз сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуд.