Кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани маводи нашъадор як амалиёти бобарор гузарониданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда, дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи мухаддирот аз ҷониби кормандони Агентӣ автомашинаи тамғаи «Тико», таҳти идораи шаҳрванди 37 солаи кишвар манъ карда шуд.

Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили он ду халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд, ки дар даруни якеи он воситаҳои алафмонанди ранги сиёҳу сабзчатоби бӯи махсус дошта  ва дар дигараш маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатоб ҷойгир карда буданд.

Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи героин дар ҳаҷми 1 кг ва қариб 2 кг ҳашиш буд.  Маводи мазкурро шахси дастгиршуда аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо мақсади дар пойтахти кишвар фурӯхтан гирифта будааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қ. 3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар айни замон нашъаҷаллоб ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

Бо мақсади муайян кардани шахсони дигари ба ин ҷиноят алоқаманд ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.