Раиси шаҳри Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба унвони прокурор ва раиси вилояти Суғд ҷиҳати озод кардани шаҳрванди Қирғизистон аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд дархост ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон Саидаҳмад Эрматов дархост кардааст, ки барои озодии вакили Кенеш (Маҷлис)-и шаҳрии Ботканд Икром Сиддиқов, ки ба гумони даст доштан дар қочоқи симоб боздошт шудааст, мусоидат карда шавад.

Шаҳрванди Қирғизистон Икром Сиддиқов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Ба гуфтаи адвокат, рӯзи 2-юми август Сиддиқов ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева ариза навишта, дар он дархост кардааст, ки ба озодии ӯ аз тавқифгоҳ мусоидат намоянд, зеро ӯ вакили шаҳри Ботканд аст.

«Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд», - зикр кард Тӯраев.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки мувофиқи муқаррароти Конвенсия «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ дар парванадҳои оилавӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ», зерҳимояи ӯ аз ҳуқуқи дахолатнопазирии вакилӣ бархӯрдор аст.

«Мувофиқи моддаи 14, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ, «масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ  ҳал мешавад», - таъкид кард адвокат.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинбар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид. Айни замон шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур машғул аст.