Чанде қабл ба кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир муяссар гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 24-солаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Искандар Фармонбеков боздошт шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килову 820 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд», - гуфта мешавад дар иттилои интишорнамудаи ВКД ҶТ.