Зарфи се рӯзи охир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муваффақонаи фаврӣ-ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ карданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 4 нафар, ки яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, боздошт шуданд.

Ҳамин тариқ, 18 январи соли равон дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 8 баста ва дар хонаааш боз 32 бастаи дорои маводи мухаддири кашфу мусодира гардид, ки вазни умумии он наздик ба 1 килоро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, баъди андешидани чораҳо ду ширкаткунандаи дигари ин гурӯҳ, ки дар шаҳри Душанбе саргарми харидуфурӯши маводи мухаддир буданд, боздошт гардиданд. Онҳо низ сокини 31 ва 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, яке аз онҳо корманди Раёсати муҳофизати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Соли равон ин ҳодиса дуюми боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпешае аст, ки ба фурӯши чаканаи маводи нашъаовар дар қаламрави кишвар машғуланд.

Зикр мегардад, ки рӯзи 20 январ кормандони Агентӣ якҷо бо кормандони Сарраёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз кӯшиши убури ғайриқонунии  марзи давлатӣ ҷилавгирӣ ба амал оварданд. Дар ҷои ҳодиса  як халтаи полиэтилинии дорои маводи нашъадори героин ошкор ва мусодира шуд. Дар айни замон барои мушаххас кардани шахсият ва боздошти қочоқчӣ чораҳо андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ бо гумони тайёр намудани  пулҳои қалбакӣ шаҳрванди 51-солаи Федератсияи Русия боздошт гардид, ки пештар ду маротиба суд шуда будааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда дар хонаи иҷоравиии худ пулҳои қалбакӣ чоп мекард. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ кормандони Агентӣ пулҳои қалбакии ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти тавлидкунандаи пулҳои қалбакиро ошкор намуданд. Аз боздоштшуда дар маҷмӯъ 550 доллари ИМА, 149 сомонӣ, 1150 рубли русӣ ва 30 афғонии ҶИА мусодира гардид.

Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.