Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа аз ҷониби корманди мақомоти интизомӣ парвандаи навбатии ҷиноӣ боз шуда, вале гумонбар то ҳанӯз ба кори худ идома медиҳад.

Сокини Исфара Руқия Ҳайдарова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки писараш аз амали кормандони милиса ҷабр дида, аз рӯи ин далел нисбати сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов мутобиқи моддаи 143, қ. 2-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар суҳбати телефонӣ ин зан зикр кард, ки писараш Акмал Музаффаров шоми рӯзи 17-уми декабр аз хона баромада, рӯзи дигар ӯро дӯстонаш бо пойи гачбаставу (гипсшуда) лату кӯбшуда ба хона овардаанд.

Баъдтар маълум шудааст, ки сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов ҳамроҳи ду нафар шаҳрвандони қаторӣ автомашинаи ӯро боздошт намуда, ба шуъбаи милиса мебаранд. Дар он ҷо ба ӯ маҷбуран 200 грамм арақ нӯшонида, боз маҷбур мекунанд, ки протоколро ба имзо расонад. Рӯзи дигар ӯро ҷавоб дода, огоҳ месозанд, ки дар ин хусус ба ҳеҷ касе даҳон накушояд.

Ба қавли модари ҷабрдида, онҳо худи ҳамон рӯз бо хулосаи судиву тиббӣ дар бораи мавриди лату кӯб қарор гирифтан ва ҷой доштани осори он дар баданаш ба прокуратураи вилояти Суғд муроҷиат кардаанд ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Акмал Музаффаров ҷабрдида эътироф шудааст.

Зан аз мавриди боздошт қарор нагирифтани Азизуло Азимов ва аз ҷониби ӯву зертобеъонаш доимо мавриди фишор қарор доштанашон оид ба бозпас гирифтани аризаашон изҳори нигаронӣ мекунад. «Ман аз амнияти оила ва писарам нигаронам», - мегӯяд ӯ.

Ҳомии ҳуқуқ Сергей Романов дар робита ба шарҳи ин қазия изҳор намуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ, дар сурати ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни парванда ва аъзои оилаи онҳо ҷой доштани фишору таҳдид, ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва амволи онҳо бояд тадбирҳо андешида шаванд ва аз ин рӯ, ҷабрдида бояд ба муфаттиши парванда дар ин бора муроҷиат намояд.