Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан ба қаллобӣ як табиб боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати мазкур табиби Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд Б.Т.-ро бевосита ҳангоми аз сокини маҳаллӣ И.Б. гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА боздошт намудаанд.

«Зимни тафтишот муайян шудааст, ки ин маблағро табиб аз сокини маҳаллӣ барои омода сохтани маълумотнома оид ба коршоям набуданаш ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ талаб карда будааст», - гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба табиби боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, соли 2012 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 128 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 108 далел) ба қайд гирифта шудааст.