Нимсолаи аввали соли равон кормандони милиса 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро боздошт намуданд, ки дар содир намудани 11 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра кормандони ВКД ҳамчунин 12 узви созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 11 узви созмони «Ансоруллоҳ», се тан аз аъзои ҷамъияти «Ҷундуллоҳ» ва як нафар аъзои созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро низ дастгир намудаанд.

Вазир зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 10 ҳазору 361 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10% бештар мебошад.