Ба гумони даст доштани дар роҳзаниву ғоратгарӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрвандони Русия, зодагони Доғистон Феликс Гачиев, Магамедалӣ Омаров ва сокини ноҳияи Ҳисор Суҳроб Ҷалилов боздошт шуданд.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД Тоҷикистон, аввали моҳи июл боздоштшудагон бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид бо таппончаву корд сокини маҳаллаи Испечак-2-ро мавриди лату кӯб ва аз кисаи ӯ 100 доллари  амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва автомашинаи шахсиаш тамғаи  «Тайота-Кемри»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

«Ҳангоми дастгир намудани ин нафарон кормандони милитсия боз ду нафар шахсони барои авбошӣ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта, сокинони ноҳияи Ҳисор Аҳмадҷон Абдуллоеви 26-сола ва Зоиршо Расулови 28-соларо низ дастгир карданд», - зикр мегардад дар маълумоти ВКД ҶТ.