Зимни амалиёти махсуси кормандон ШВКД дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи муташаккили машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни амалиёт ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони Кӯлоб – Фозил Боронови 45-сола, Тешахон Собирови 55-сола, Гурез Лоиқови 54-сола ва сокини 41-солаи ноҳияи наздимарзии Шӯрообод Садриддин Сафаралиев дастгир шудаанд.

«Дар вақти азназаргузаронии  автомашинаи тамғаи «Дейво-Сиело», ки ба шаҳрванд Т.Собиров тааллуқ дошт, ба миқдори 7 кг 500 грамм маводи нашъадори навъи «бангдона» ва 4 кг маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», - зикр мегардад дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ.