Суди шаҳри Душанбе имрӯз шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди ноҳияи Сино нисбати Асадулло Иброҳимов, ахиран маъруф бо «муллои ҷодугар»-ро, ки рӯзи 24-уми октябр содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Ӯ ба 7 соли зиндони низоми шадид ва манъи баъди озодӣ машғул шудан ба фаъолияти динӣ ба муддати панҷ сол маҳкум шуда буд. Ин маълумотро адвокати маҳкумшуда Мавлудхон Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ кард.

Ахири моҳи октябр суди ноҳияи Сино ӯро ба содир намудани амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ гунаҳкор эътироф карда, дар ҳаҷми 365 нишондоди ҳисоб (1 нишондод – 40 сомонӣ) низ ҷаримабандӣ кард. Мурофиаи судии мазкур таҳти раёсати судя Исмоил Давлатов дар 6 рӯз ба итмом расид.

Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 139, қисми 2, банди "а" «Ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта» ва моддаи 247, қисми 2, банди «а» (Қаллобӣ) мутаҳҳам дониста мешавад.

Дар ин навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро мебояд муолиҷа кунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад.