Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум намуд.
Суд Машраф Алиевро мутобиқи моддаи 143-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) гунаҳкор эътироф намуда, айбнома тибқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-ро бекор кард. Суд ҳамчунин қарор кард, ки аз Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ва Машраф Алиев дар ҳаҷми 1 ҳазору 619 сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ рӯёнида шавад.
Дар ҷаласаи судии ахири моҳи ноябр адвокатҳои айбдоршаванда дар бораи ивази судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров дархост пешниҳод карданд . Талбон Сафаров, адвокати Машраф Алиев зикр карда буд, ки суд парвандаро якҷониба баррасӣ карда, далелу дархостҳои онҳоро ба инобат намегирад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 24-уми сентябр дар ҷануби кишвар бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.
Санаи 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста