Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Сарбанд, дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Фархор шаҳрванд Мирзоев Умедҷон Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 кг 851 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз хонаи истиқоматии шаҳрванд Раҳимов Абдулвоҳид Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кӯлоб 5 кг 15 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира намуданд. Муайян карда шуд, ки маводи нашъадори мазкур ба шаҳрванд Раҳимов Фарҳод Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тааллуқ доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.