Барои паҳн кардани хабари бардуруғ оид ба марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи яке аз маҳбасҳои пойтахт хешовандони маҳбус аз Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ шикоят мебаранд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” бародари маҳбус Сафарали Саидов хабар дод.
Ӯ дар суҳбат гуфт, хабари марги бародарашро тавассути ВАО фаҳмид. “Мо дар ташвиш монда, дар ҳамин ҳавои хунук аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба маҳбас омадем, то шахсан аз саломатии Маҳмадраҳим огоҳ шавем”, - мегуяд ӯ.
Ба гуфтаи Сафарали Саидов ва духтари маҳбус Нилуфар Саидова саломатии Маҳмадраҳим Саидов хуб буда, дар ӯ осоре аз шиканҷа дида намешавад.
Ёдовар мешвем, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде пеш дар бораи марги маҳбус Маҳмадраҳим Саидов иттилоъ дода буд . Аммо корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ ҳалок нашудааст .
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Мошинҳои калонҳаҷми боркаши Тоҷикистон мунтазири тартиби нави боркашонӣ тариқи Ӯзбекистон
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста