Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор доштааст, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад”.
Изҳороти худро ӯ дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кардааст.
“Соли 2023 ҳаҷми умумии он зиёда аз 44 млрд долларро ташкил дода, 33% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии минтақаи Осиёи Марказӣ ба Русия рост меояд”, - гуфтааст Галузин рӯзи 14 май тариқи алоқаи видеоӣ дар Конфронси IV Осиёи Марказии клуби “Валдай” дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: рушд ва амният дар воқеъиятҳои тағйирёбандаи ҷаҳон”.
Ӯ зикр кардааст, ки ин ба таври назаррас аз ҳисоби гузаштани ҳисоббаробариҳо бо пули миллӣ таъмин мешавад.
“Айни замон ҳаҷми чунин ҳисоббаробариҳо бо Қазоқиситону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% расида, бо Ӯзбекистон - 55% ва Туркманистон - 24%-ро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст муовини вазир.
Ин ҷо сари ҳисоббаробариҳои пулии байнулмилалӣ, яъне ҳисоббаробариҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии кишварҳо дар савдои беруна, қарзу сармоягузориҳо ва пардохтҳои ғайритиҷоратӣ сухан меравад. Маъмулан чунин ҳисоббаробариҳо дар шакли ғайринақдӣ тариқи бонкҳо ё низомҳои пардохт амалӣ мешаванд.
Мувофиқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2023 аз панҷ як ҳисса (20,5%)-и савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба Русия рост омадааст.
Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар зиёд з 1,7 млрд доллар ва муомилоти моли хориҷии умумии Тоҷикистон - беш аз 8,3 млрд долларро ташкил дода буд.
Аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 1,6 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия - 135 млн долларро ташкил додааст.
“Намедонам аз куҷо ба ин беморӣ олудааст”. Нигаронии сокинон аз бемории сурхакон ва гузориш аз як беморхона
Ихроҷи иҷбории 80 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия дар соли 2024
Хидматрасониҳо бояд пурра рақамӣ шаванд. Солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шуд
Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад
Мавқеи шиносномаи Тоҷикистон дар радабандии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин шуд
Қазоқистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кард
“Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов
Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст
Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе
Шаҳр, маҳалла, истгоҳи роҳи оҳан. Чаро дар Суғд иншооти ваъдашударо то ҳол насохтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста