Чанде аз хонандагони “Азия-Плюс” бо нигаронӣ аз вазъи саломатии фарзанди хурдсолашон аз мо пурсиданд, ки оё дар кишвар бемории сурхакон хуруҷ кардааст? Чунки онҳо нишонаҳои ин бемориро дар фарзандонашон мушоҳида кардаанд ва вақте ба беморхона бурдаанд, шоҳиди навбатпойии беморони зиёд шудаанд. Баъзе аз кормандони беморхонаи шаҳрии рақами 1-и пойтахт низ аз “якбора зиёд шудани теъдоди беморон бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ” изҳори ташвиш карданд.

Муовини мудири ин беморхона, бо нишонаҳои бемории сурхакон бистарӣ шудани чанд нафарро тасдиқ мекунад, аммо сабти расмии ин бемориро рад кард. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ таъкид мекунанд, ки хуруҷи бемории сурхакон дар кишвар сабт нашудааст.

Бояд гуфт, ки сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.

 

“Бемории сироятӣ авҷ гирифтааст ва бемор зиёд аст”

Барои санҷиши иддаои хонандагон дар бораи эҳтимоли хуруҷи бемории сурхакон хабарнигорони мо рӯзҳои 6-7-уми январ ба беморхонаи шаҳрии рақами 1-и пойтахт (беморхонаи 1-ум Советский) рафтем.

Дар шуъбаи қабули бемориҳои сироятии кӯдакона чанд нафар бо кӯдакони хурдсолашон навбат истода буданд. Аммо миёни онҳо касе намедонист, ки фарзандаш чӣ бемор аст.

Маркази тиббии шаҳрии №1
Asia-Plus

Хостем ба назди духтури навбатдор равем, аммо ҳамширае пеши роҳамонро гирифт ва мақсадамонро пурсид. Вақте худро чун парастори кӯдаки олуда ба сурхакон муаррифӣ ва маслиҳат бо духтурро хоҳиш кардем, ӯ зери лаб гуфт, “аввалин нафароне нестед, ки суроғи духтури сурхакон омадаед”.

Ӯ бехабар аз он ки мо рӯзноманигор ҳастем, ишора кард, ки “ҳоло бемориҳои сироятӣ, мисли сурхакон, зардпарвин, кабудсулфа ва обакон авҷ гирифтаанд, бемор зиёд аст ва ҷо намеёбем, ки кӯдаконро хобонем”. Ӯ моро ба ошёнаи сеюм, шуъбаи ҳепатити сироятӣ, ки беморони олуда ба сурхакон бистарӣ мешудаанд, фиристод.

 

“Намедонам аз куҷо ба ин беморӣ олудааст”

Дар даромадгоҳи шуъба чанд нафари дигар навбат мепоиданд, то назди духтур раванд ва маслиҳати ӯро гиранд. Онҳо дар бораи бемории фарзандонашон мушаххасан маълумот надоштанд.

Танҳо яке аз онҳо гуфт, фарзандаш ҳарорати баланд дорад ва ба эҳтимоли зиёд ба бемории сурхакон сироят ёфтааст.

“Фарзанди ман дар хона буд, намедонам аз куҷо бемориро гузарондааст. 3-4 рӯзи аввал дар хона хоб буд, баъд маҷбур карданд, ки ба беморхона биёрем, то ба дигарон нагузарад. Табъи кӯдакон аз 39-40 дараҷа поён намешавад”, - гуфт ин зан, вале нагуфт, ки кӣ ӯро маҷбур кардааст то кӯдакашро ба беморхона орад.

То ворид шудан ба назди духтур, бо яке аз тамизкорони шуъба суҳбат кардем. Ӯ низ тасдиқ кард, ки бемор зиёд шудааст, аммо гуфт, вазъ хатарнок нест.

Акси марбута
акс аз medikom.ua

“Дирӯз як кӯдаки 3 сола вафот кард. Духтурҳо гуфтанд, ки бемории нафастангӣ доштааст”, - гуфт ин тамизкор.

Вақте ба назди духтур даромадем, моро гӯш кард ва гуфт, “аввал бояд беморро бинад” ва зарур шуморад, бистарӣ мекунанд.

Аммо дар мавриди фавти кӯдаки сесола гуфт, ки “ӯ аз бемории сурхакон нафавтидааст, бемориҳои дигар дошт”.

 

"Сурхакон сабт нашудааст"

Рӯзи 6-уми январ натавонистем бо роҳбарияти ин беморхона суҳбат кунем. Як рӯз баъд, 7-уми январ Абдуваҳҳоб Толибов, муовини мудири ин беморхона бо мо суҳбат кард ва гуфт, ки “бемории сурхакон сабт нашудааст, танҳо бо гумони гирифторӣ ба ин беморӣ чанд нафар бистарӣ шудаанд”.

“Дар шуъбаи мо 40 кат ҳаст. Ҳоло 11 нафар бо гумони гирифторӣ ба ин беморӣ бистарӣ шудаанд. Ташхиси беморон собит кард, ки ба бемории сурхакон касе гирифтор нашудааст. Яъне то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхакон сабт нашудааст”, - гуфт Абдуваҳҳоб Толибов.

Ӯ илова кард, ки агар дар дигар беморхонаҳои кишвар ҳам нишонаҳои ин беморӣ мушоҳида шавад, беморро ба беморхонаи онҳо мефиристанд ва онҳо таҳлили хуни он беморро ба ташхисгоҳи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикӣ мефиристанд. Танҳо баъди ташхиси пурра муайян мешавад, ки бемор ба сурхакон олуда аст ё не.

Абдуваҳҳоб Толибов афзуд, аз беморони гумонбар ба олудагӣ ба сурхакон маълумот оид ба эмгузаронӣ, суроға, маконҳое, ки ӯ равуо доштааст ва одамоне, ки дар тамос будааст, гирифта мешавад.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки соли 2024 ва соли ҷорӣ дар кишвар гирифторӣ ба бемории сурхакон ё хуруҷи он сабт нашудааст.

Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ ба “Азия-Плюс” зикр карданд, ки айни замон ягон нафар гирифтори бемории сурхакон сабт нашудааст. Ба иттилои ин ниҳод, бори охир ин беморӣ соли 2022-2023 сабт шуда буд.

“Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бар зидди ин бемории сироятӣ моякӯбӣ шудаанд. Ҳудуди 3,5 миллион кӯдаки аз 6 моҳа то 15 сола моякӯбӣ шудааст”, - гуфтанд дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон мубтало шуда буданд. Соли 2021 ҳамагӣ 10 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Душанбе, Рашт ва Нуробод аз манотиқе будаанд, ки солҳои 2021 ва 2022 олудагӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.