Имрӯз, 8-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони эълон кардани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” –ро имзо кард. Дар ин панҷсола бояд ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ рақамӣ карда шуда, барои сокинон дастрас ва осон шавад.
Дар асоси фармон, ба ҳукумати кишвар супориш шудааст, ки дар муддати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи ин ташаббус таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод кунанд.
Дар тавзеҳоти фармон зикр мешавад, ки ин иқдом ба густариши рақамикунонӣ ва равандҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, ин раванд шаффофияти иқтисод ва молияро таъмин карда, қонунгузорӣ ва санадҳои лозимиро барои рушди иқтисоди рақамӣ такмил медиҳад.
Дар тавзеҳоти фармон гуфта мешавад, ки эълони панҷсолаи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия имкон медиҳад, ки дар кишвар инфрасохтори рақамӣ рушд ёфта, марказҳои махсуси коркарди маълумот ва махзани ягонаи миллии маълумот ташкил гардад.
Манбаъ навиштааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши кадрҳо дар бахши технологияҳои иттилоотӣ омӯзишу бозомӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар роҳандозӣ мегардад.
“Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад”, - навиштааст хадамоти матбуот.
Таъкид шудааст, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ барномасозон ва мутахассисон омода карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр зимни паёми солонааш ба парлумон гуфта буд, ки барои густариши равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ҳукумат кӯшиш дорад, дар ҳамаи соҳаҳо рақамикунониро ҷорӣ кунанд. Дар ин замина чораҳо низ андешида шудааст, аз ҷумла ҷорӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми кишвар. Мақомот яке аз ҳадафҳои аслии ин иқдомро коҳиши фасод дар кишвар унвон карда буданд.
Вале ин раванд бо сабабҳои паст будани суръат ва сифати интернет, инчунин сатҳи пасти маърифати истифода аз технологияҳои рақамӣ ба таври зарурӣ иҷро намегардад.
«Тоҷик-Эйр» парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлобу Панҷакентро оғоз мекунад. Кай ва нархи чиптаҳо чанд аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2025
“Намедонам аз куҷо ба ин беморӣ олудааст”. Нигаронии сокинон аз бемории сурхакон ва гузориш аз як беморхона
Ихроҷи иҷбории 80 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия дар соли 2024
Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад
Мавқеи шиносномаи Тоҷикистон дар радабандии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин шуд
Қазоқистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кард
“Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов
Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст
Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста