ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ЯНВАР

Соли 1925 – Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷамъияти омӯзишии “Тоҷикистон” таъсис дода шуд.

Соли 1929 – Дар Тоҷикистон аввалин совхозҳо таъсис дода шуданд, аз ҷумла пахтакорӣ дар Вахш, ғаллакорӣ дар Данғара, Истаравшан ва Ҳисор.

Соли 1936 –шаҳри Хуҷанд, ки яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳри Ленинобод тағйири ном кард. Баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон, 26-уми феврали соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии кишвар номи шаҳри Ленинобод дубора ба номи таърихии худ Хуҷанд баргардонида шуд.

Рамзи шаҳри Хуҷанд
акс аз сомонаи salom.asia

Соли 1940 – Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин иттифоқ бо мақсади инкишоф додани анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик, аз бар намудани мероси гаронбаҳои мусиқии классикии халқҳои дигар, аз ҷумла осори мусиқии ҷаҳонӣ таъсис ёфт.

Соли 1986 – Ҳавопаймои боркаши Ан – 124 (“Руслан”) аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1992 - Муносибатҳои дипломатӣ байни  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор шуд ва сафорати ин кишвар дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2002 – Бар асари заминларза 3 маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи сохтмони НБО “Роғун” осеб дид. Дар пайи он 3 кас ҷон бохта, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2001 – Дар вилояти Суғд аввалин агентии хусусии иттилоотӣ – “Вароруд” таъсис ёфт.

Соли 2020 – Дар ВМКБ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шикорчиёни маҳаллӣ силоҳ доданд, то одамон ва чорворо аз ҳамлаи гургон ҳифз кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Султон Мирзошоев, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Султон Мирзошоев
аз Asia-Plus

Султон Мирзошоев як муддат Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон (1993-1194) буд ва солҳо дар дигар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳукумати кишвар ифои вазифа намудааст.

Инчунин дар нависандагӣ низ панҷа озмуда, асарҳои ҷолиб офаридааст. Асарҳои “Борис Кимёгаров” бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои “Ҷонфидо” ва “Арзи дил”, повести “Дуои сари роҳ” аз ҷумлаи онҳоянд.

Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ шаби 7 июни соли 2019 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1934 – Зодрӯзи Муаззама Мироқилова, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1936 – Мавлуди Ғанӣ Ҷӯразода, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Ғанӣ Ҷӯразода

Ғанӣ Ҷӯразода солҳо дар рӯзномаҳои “Комсомолии Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва маҷаллаи “Коммунисти Тоҷикистон” ба фаъолияти журналистӣ машғул буд. Дар ин муддат худро ҳамчун нависанда ва шоир низ муаррифӣ кард. Ҳикоя ва қиссаҳои “Кулоҳи падар”, “Захми дил”, “Қисмат” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.

Ғанӣ Ҷӯразода 28-уми феврали соли 2021 баъди беморӣ дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.Начало формы

Соли 1945 – Зорӯзи Комил Бекзода, шарқшинос, номзади илмҳои фалсафа, асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”.

Комил Бекзода

Соли 1948 – Мавлуди Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Симо ва исми Ҷӯра Ҳошимӣ бо шеърҳои “Ман алифбо мехонам”, “Баччаҳову кӯчаҳо”, “Ре мегӯям ман бурро”, “Нинӣ бапо шуд” махсусан аз хотираи барои кӯдаконон нозудуданист. Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои миёнаву олӣ ворид гардидаанд.

Ҷӯра Ҳошимӣ  ҳамроҳи оҳангсозони маъруфи кишвар барои кӯдакон суруду таронаҳо низ офаридааст.  Ӯ як муддат сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббаччагон – “Гул-гул” буд.

Ҷӯра Ҳошимӣ
акс аз Радиои Озодӣ

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1839 аввалин таҷҳизоти аксбардорӣ кашф шуд. Луи Дагер, ихтироъкори фаронсавӣ онро кашф намуд ва 9 январи соли 1839 ҳукумати Фаронса онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

"Дагеротипия" аввалин технологияе буд, ки барои аксбардории доимӣ истифода мешуд. Ин раванд аз сабти тасвир ба рӯи плитаҳои нуқрагӣ, ки бо йод ҳассос гардонида шуда буданд, иборат буд.


Ин ихтироъ имкони эҷоди тасвирҳои возеҳ ва доимиро фароҳам овард, ки қаблан ғайриимкон буд. Ин ихтироъ аввал дар Фаронса маъруф шуда, баъдан дар Аврупо ва ИМА васеъ паҳн гардид.

Имрӯз Рӯзи саёҳат бо тӯби ҳавоӣ (воздушний шар) аст. Дар ин рӯзи соли 1793 Жан-Пьер Бланшар аввалин парвози худро бо чунин тӯб дар Амрико анҷом дод.


Ӯ 44 маротиба дар Аврупо бо тӯбҳои ҳидрогенӣ ба осмон баромада, тасмим гирифт, ки дар ҷаҳони нав аввалин шахсе шавад, ки ин корнаморо иҷро мекунад.

9-уми январ Рӯзи байналмилалии хореограф таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба онҳое бахшида шудааст, ки техника ва санъати рақсро нигоҳ дошта, онро такмил ва насли ояндаро таълим медиҳанд.


Соли 1951, дар ин рӯз, 73 сол пеш дар Ню-Йорк (ИМА) қароргоҳи СММ расман ифтитоҳ гардид.

Соли 1969 аввалин парвози озмоишии ҳавопаймои Конкорд баргузор гардид. Ин ҳавопаймоҳои баландсуръат 27 сол истифода шуда, аз рӯйи  суръат якчанд маротиба рекорд гузошт.

Масалан, масири Лондон – Ню-Йоркро дар муддати 2 соату 55 дақиқа ва атрофи ҷаҳонро дар муддати 31 соату 27 дақиқа ва 49 сония бо шаш фуруд барои сӯзишворӣ пур кардан тай кард. Аммо соли 2003 бинобар хароҷоти зиёд, истифодаи тиҷоратии “Конкорд” қатъ гардид.

Соли 2007 аввалин iPhone муаррифӣ шуд. iPhone, ки Стив Ҷобс муаррифӣ кард, прототипи хеле сода ва нопурра буд. Моделҳое, ки баъдан ба бозор баромаданд, аз он фарқ мекарданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 37-42º сард, рӯзона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-24º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º хунук, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12-14º сард, рӯзона 1-3º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.