Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади танзими ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва ҳавасмандсозии коркарди онҳо дар дохили кишвар квотаҳоро барои тайёр кардани ду навъи арзишманди растанӣ - шираи камол (ферула) ва решаи ширинбия (солодка) тасдиқ кард. Фармоиши мазкур аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумат имзо шудааст.
Мувофиқи ин санад, барои ҷамъоварии ин навъҳои растанӣ дар соли оянда квотаҳои зерин муқаррар шудааст:
Шираи камол (ферула) - 80 тонна;
Ширинбия (реша) - 1000 тонна.
Ба ҷамъоварии онҳо танҳо бо шарти истифода барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар дохили ҷумҳурӣ иҷоза дода мешавад.
Иқдоми мазкур ба рушди саноати маҳаллӣ ва афзоиши арзиши иловашуда ба маҳсулот равона шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 қарор “Дар бораи танзими ҷамъоварӣ ва коркади шираи камол” қабул шуд. Мувофиқи он, ба ҷамъоварии шираи камол танҳо бо ҷалби шаҳрвандони кишвар ва танҳо барои коркарди истеҳсолӣ ва тайёр кардани маҳсулоти ниҳоӣ иҷоза дода мешавад. Содироти шираи камол дар шакли ашёи хом манъ аст.
Назорати ҷамъоварӣ
Барои таъмини ҷамъоварии қонунӣ ва пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунӣ чанд мақомот масъуланд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаҳоро таъмин намуда, назорати давлатии ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, ин ниҳод ҳамроҳи ВКД, КДАМ, Агентии хоҷагии ҷангал ва ҳукумати ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол (ферула) ва решаи ширинбия чораҳои дахлдор меандешанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрук то 31 декабри соли 2025 ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ҷамъоварии шираи камол (ферула) ва решаи ширинбия, инчунин содироти онҳо дар соли 2025 маълумоти мушаххас пешниҳод мекунанд.
Дурнамои иқтисодӣ ва экологӣ
Шираи камол ва ширинбия асосан дар соҳаи дорусозӣ истифода мешавад. Ин ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани мавқеъ дар бозорҳои байнулмилалӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Ширинбия ашёи хоми серталаб дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Чин, Корея ва Ҷопон маҳсуб меёбад.
Хусусиятҳои экологӣ ва қобилияти барқарорсозии хокҳои шӯр ин растаниро арзишманд мегардонанд.
Даромад аз 1 гектар ширинбия ба ҳисоби миёна 851 долларро ташкил дода, нархи 1 кило решаҳои хушк дар бозори ҷаҳонӣ ба 1,4 доллар мерасад.
Дар Тоҷикистон ба коркарди ширинбия корхонаи “Аввалин” - лоиҳаи муштарак бо ширкати Cokey System Co. LTD-и Ҷопон машғул аст.
Дар таҷҳизоти дорои технологияи баланд корхона консентрати кислотаи глитсирризинӣ истеҳсол мекунад, ки барои эҳтиёҷоти дорусозӣ содир мешавад.
Шираи камол низ дар соҳаи дорусозӣ ва пухтупаз истифода мешавад. Шираи ин растанӣ дар бозори ҷаҳонӣ хеле серталаб буда, арзиши 1 килои он ба 50–80 доллар мерасад.
Ҷамъоварии шираи камол қатъиян танзим шуда, ашёи хом танҳо дар дохили кишвар коркард мешавад. Содироти ашёи хоми коркарднашуда манъ аст.
Ширкати “Фароз”, ки гуфта мешавад ба наздикони расиҷумҳур рабт дорад, аз соли 2009 боз ба ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол машғул аст. Ҳарчанд мақоқмот мегӯ\янд, ин ширкат барҳам хӯрдааст, вале тадқиқоти журналистӣ нишон медиҳад, ки ин ширкат бо номҳои дигар фаъол аст. Ин растании шифобахшест, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста