Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, дар соли 2025 дар тамоми  нақлиёти ҷамъиятии кишвар насби POS-терминалҳо (дастгоҳе, ки пардохти ғайринақдӣ қабул мекунад) ба нақша гирифта шудааст

Ин ниҳод навиштааст, POS-терминалҳои автобусҳо дар Душанбе нав карда мешаванд ва пардохти роҳкиро на танҳо бо кортҳо, инчунин, бо пули нақд ва гирифтани чек низ имконпазир аст.

Вазорати нақлиёт шарҳ надодааст, ки насби POS-терминалҳо дар микроавтобусҳо  кай оғоз мешавад ва бо оғози насби онҳо ин таҷҳизот ба кор медарояд ё не.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти ин тадбирро шарҳ надоданд.

Қаблан пардохт дар автобусу трелейбусҳои пойтахт тариқи ғайринақдӣ (корти махсус) ба роҳ монда шуда буд. Вале сокинон то ҳол бо пули нақд аз ин нақлиёт равуо кунанд. Дертар талаб карда шуд, ки бар ивази пули нақд бояд ронанда расид диҳад. Аммо ин низом низ риоя намешавад.

Қаблан, соли 2019 ҳукумати пойтахт КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро таъсис дод, ки ба татбиқи барномаи “Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд” шурӯъ намуд.

Аз ҷумла, он лоиҳаи “GPS tracker” (дастгоҳест, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти координатаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) амалӣ намуд. 

Вазорат менависад, дар доираи ин барнома, дар истгоҳҳои шаҳрӣ тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шудаанд. Аммо айни замон чунин лавҳаҳо танҳо дар 10 истгоҳи пойтахт насб шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.