Шаби 7 июн пас аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон ва собиқ роҳбари дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ, ходима маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Султон Мирзошоев дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Тавре ба «Азия-Плюс» пайвандону наздикони марҳум хабар доданд, ҷасади Султон Мирзошоев имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.

Султон Мирзошоев 9 январи соли 1932 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (1953), Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1963, мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (Москав, 1966)-ро хатм кардааст.

Дар вазифаҳои Котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети ҲК ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ, 1957-59), котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети ҲК ноҳияи Восеъ (1961-1964), ташкилотчии масъули КМ ҲҚ Тоҷикистон дар идораи минтақавии истеҳсолии Кӯлоб (1964), нозири шӯъбаи ташкилии ҳизбии КМ ҲҚ Тоҷикистон (1966-1967), Раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди шӯрои Вазирони ИҶШС (1973-1979), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1979-1987), сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1987-1988), Раиси раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (1988-1990), котиби якуми Комитети ҲК вилояти Кӯлоб (1990-1993), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1994), ноиби Президенти ҷамъияти саҳҳомии «Интурист»-и Тоҷикистон (1995-1997) ва Раиси маҷмааи давлатии «Коҳи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Султон Мирзошоев вакили Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-11) кор кардааст.

 Дар фаъолияти адабиаш ӯ бисёр асарҳои ҷолиби хонданибоб эҷод кардааст. «Борис Кимёгаров» бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои «Ҷонфидо» ва «Арзи дил», повести «Дуои сари роҳ» аз ҷумлаи онҳост.