Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин рафта, бо 73 хол дар ҷои 72-юм қарор гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 73-юм буд.
Дар ин радабандӣ давлатҳоро тибқи шумораи кишварҳое, ки ба онҳо бе раводид (виза), бо раводид дар марз ё бо иҷозатномаи электронӣ метавон сафар кард, баҳогузорӣ мекунанд.
Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар бе раводид ба 27 давлат сафар кунанд ва дар 46 кишвар раводидро дар марз дарёфт кунанд. Аммо барои сафар ба 125 кишвари дигар тоҷикистонёнро зарур аст, ки қабл аз сафар раводид гиранд.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 96 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дорандагони шиносномаи қазоқӣ метавонанд бе раводид ба 46 кишвар сафар кунанд ва дар 50 кишвар раводидро дар марз ба даст биёранд. Барои 102 давлати дигар ба онҳо пешакӣ гирифтани ҳуҷҷат лозим аст.
Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо доштани 78 холӣ дар ҷои 68-ум қарор доранд Барои шаҳрвандони ин ду кишвар реҷаи бе раводид дар 32 кишвар амал мекунад. Ба онҳо барои сафар ба 46 давлат дар марз раводид дода мешавад ва барои сафар ба 120 кишвар қаблан бояд раводид дарёфт кунанд.
Туркманистон бошад, бо 68 имтиёз ҷои 76-умро касб кардааст. Шиносномаи ин кишвар имкон медиҳад, ки бе раводид ба 18 давлат ворид шуда, барои сафар ба 50 давлат раводидро аз марз гирифт. Вале барои рафтан ба 130 кишвар гирифтани раводид аз қабл лозим аст.
Дар феҳристи навшудаи "Global Passport Power Rank" Амороти Муттаҳидаи Араб бо доштани 180 хол садрнишин аст. Онҳое, ки шиносномаи ин кишварро доранд, ба 133 давлат бе гирифтани раводид рафта метавонанд. Дар ҷои дуюм Испания ва дар ҷои сеюм якбора 14 кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Финландия, Суис (Швейтсария) ва дигар давлатҳо ҷойгир шудаанд.
Дар зинаҳои охири ин рӯйхат кишварҳои Сурия, Афғонистон, Ироқ ва Сомалӣ қарор гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2024 ва соли 2023-юм дар ин радабандӣ дар ҷои 73-юм буд.
«Тоҷик-Эйр» парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлобу Панҷакентро оғоз мекунад. Кай ва нархи чиптаҳо чанд аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2025
“Намедонам аз куҷо ба ин беморӣ олудааст”. Нигаронии сокинон аз бемории сурхакон ва гузориш аз як беморхона
Ихроҷи иҷбории 80 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия дар соли 2024
Хидматрасониҳо бояд пурра рақамӣ шаванд. Солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шуд
Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад
Қазоқистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кард
“Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов
Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст
Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста