Вазорати меҳнати Қазоқистон квота барои ҷалби қувваи корӣ аз хорҷии кишварро барои соли 2025 муқаррар кардааст, хабар медиҳад Zakon.kz.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми квота 3% аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян шудааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли гузашта 0,1 банди фоизи камтар аст. Квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор соли 2024 дар ҳаҷми 3,1% ё 271,3 ҳазор нафар муқаррар гардида буд.
Ин фармон аз 17 январи соли 2025 ба иҷро медарояд.
Қазоқистон баъд аз Русия дуввумин кишвари маъмул барои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд дар оғоз муҳоҷирон камтар ба Қазоқистон мерафтанд, вале аз соли 2022, баъди ҷанги Украина ва махсусан баъди ҳодисаи “Крокус”, ки фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар зиёд шуд, ин омор афзоиш ёфт.
Ҳоло шумори дақиқи муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон бо автобус тариқи масири Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ дар ин кишвар беш аз 10 ҳазор нафар кор мекунанд.
Зимнан, соли гузашта Қазоқистон ҳам будубоши муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро сахттар кард. Муҳоҷирони корӣ дар 6 моҳ танҳо 90 рпӯз ё 3 моҳ метавонанд дар ин кишвар кор кунанд. Баъди 90 рӯзи будубош бояд кишварро тарк кунанд ва ҳамин тариқ, 3 пас дубора ҳақ доранд баргарданд. Ин талабот ба шаҳрвандони Тоҷикитсон ҳам дахл дорад.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста