Муҳоҷирон аз Тоҷикистон мегӯянд, талаботи нисбатан осони иҷозаи кор, арзонии иҷорапуливу хурду хурок, мусоидии боду ҳаво ва роҳи наздик онҳоро ба Қазоқистон мебарад. Вале коршиносон мегӯянд, ба Қазоқистон танҳо онҳое мераванд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ё имкони рафтан ба ин кишварро надоранд.

Ҷамшед Норов, ҷавони 24-солаи тоҷик, тақрибан як моҳ пеш ба Қазоқистон рафт ва ҳоло дар як ширкати хизматрасонӣ кор мекунад. Ӯ мегӯяд, гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо ба Русия, мушкили дастрас кардани санадҳои будубош дар ин кишвар ва “рейд”-и пайвастаи полиси Маскав ӯро маҷбур намуд, ки барои ёфтани ризқ ба Қазоқистон рӯй орад. Ҳарчанд, барои рафтан ба Русия иҷозат дорад.

Вай гуфт, корро дар Қазоқистон дӯстонаш барои ӯ тавсия доданд, чун ба гуфтаи онҳо ҳам нархи чиптаи ҳавопаймо ба ин самт арзон ва ҳам ҳуҷҷатгузориву нархи хурду хӯрок ва иҷорапулӣ мувофиқтар аст.

Баъди ихроҷ аз Русия: “Рӯ ба Ҳин овардани соҳибдилон”

unicef.org

Нархи гарони билети сафар ба Русия ва имтиҳону дарёфти иҷозатномаи кор, ба мисли Ҷамшед имрӯз садҳо муҳоҷири кории тоҷикро водор кардааст, ки дар Қазоқистон кор ҷӯянд. Онҳо мегӯянд, талаботи нисбатан осони иҷозат ба кор, арзонии иҷорапуливу хурду хурок, мусоидии боду ҳаво ва роҳи наздик онҳоро ба Қазоқистон бештар ҷазб мекунад. Ҳамчунин, барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия бояд аз забону таърихи рус имтиҳон супорид, дар ҳоле ки дар Қазоқистон чунин талабот вуҷуд надорад.

Масрур Қаландарзода, муҳоҷири дигари тоҷик, ки се сол аст, дар Қазоқистон кор мекунад, мегӯяд, аз ин пештар ҳудуди 4 сол дар Русия кор кард, вале баъди як “рейд”-и полиси Русия ӯро аз ин кишвар ихроҷ (депортатсия) карданд ва ӯ маҷбур шуд барои дарёфти қути лоямут ба Қазоқистон рӯ орад.

- Масъалае, ки муҳоҷиронро дар Русия нороҳат кардааст, ин гаронии нархи ҳуҷҷҷати кор дар ин кишвар аст: дар як моҳ беш аз 5 ҳазор рубл ҳаққи патент месупоранд,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, бо ин нарх дар Қазоқистон ҳуҷҷати семоҳаи корро мекунанд.

Вай гуфт, имсол гарон ва дастрас набудани чиптаи ҳавопаймоӣ ба Русия мушкили асосии муҳоҷирони тоҷики дар ватан дармонда шуд. Ҳарчанд мегӯяд, пеш аз пандемия низ нархи чиптаи Русия назар ба Қазоқистон гаронтар буд.

- Иҷорапулиаш арзон аст. Кормандони полиси қазоқ байни муҳоҷирон хело кам санҷиш мегузаронанд ва агар дар роҳ ҳам диданд, худсарона дастгир ва пора талаб намекунанд,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Ба таъкиди ӯ, вазъи муосиди боду ҳаво ҳам муҳоҷирони тоҷикро ба ин кишвар бештар ҷалб мекунад.

- Намнокии Русия зиёдтар аст, қариб ҳаррӯз барфу борон меборад. Аз ин сабаб, дар берун кор карда намешавад Ҳатто то моҳи декабр мешавад, ки дар сохтмонҳои Қазоқистон кор кард. Муҳим аз ҳама роҳ ба Тоҷикистон наздик аст ва дар ҳоли ҳозир бо 100 доллари амрикоӣ мешавад, ки тариқи автобус ба кишвар рафт,-гуфт Масрур.

Вай гуфт, ки ягона ҷанбаи хуби кор дар Русия нисбат ба Қазоқистон ин маоши баландаш аст.

Казоқистон дуввумин кишвари асосии пазирандаи муҳоҷирони тоҷик

Баъди солҳои 2000-ум Қазоқистон ба яке аз кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфт ва ҳоло баъди Русия яке аз дуввумин кишварҳоест, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро мепазирад. Ҳарчанд дар оғоз муҳоҷирон камтар ба Қазоқистон мерафтанд, вале аз соли 2014 ба ин сӯ, замоне ки Русия бо буҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл рӯ ба рӯ гардид, ин омор афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи системаи иттилоотию таҳлилии “Талдау” нишондиҳандаи шумораи муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон рафтаанд, аз соли 2014 то 2018, дар маҷмӯъ, 18,6% афзоиш ёфтааст.


Ҳоло шумори дақиқи муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон бо автобус тариқи масири Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд ва бо мақсади гурез аз пардохти маблағи ҳуҷҷат дар корхонаву хоҷагиҳои хусусӣ ғайрирасмӣ кор мекунанд. Тибқи омори расмӣ, пеш аз пандемия тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон кор мекарданд. Ин арқом аз омори ғайрирасмӣ  фарқ мекунад.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки танҳо дар чор моҳи соли равон 1492 шаҳрванди Тоҷикистон расман барои кор ба Қазоқистон рафтаанд.

- Аз 1 январ то 18 марти соли 2020 (18 январ  бо таъсири пандемия  сарҳадҳо баста шуданд) 4574 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар сафар карданд,-гуфт манбаъ.

Ҳамин тариқ дар соли 2018-ум 13586 ё 3 фоизи шумораи умумии муҳоҷирони кории тоҷик барои кор ба Қазоқистон рафтаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2019 ин рақам 5567 нафарро ташкил медод.

Таваҷҷуҳи муҳоҷирон ба Қазоқистон кам аст

Коршиносон мегӯянд, афзоиши шумораи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия ба он оварда мерасонад, ки Қазоқистон ҳамчун кишвари ҷойгузин барои қабул ин муҳоҷирон аз Русия бошад.

Ин нуктаро директори Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷумъа Раҷабов ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки ба Қазоқистон бештар шаҳрвандони тоҷике мераванд, ки ҳуқуқи ба Русия рафтанро надоранд ва ё аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

- Талабот ба Қазоқистон зиёд нест, бештар ба Русия мераванд. Аз сабаби кам будани маош хоҳишмандон ҳам камтар ба ин кишвар мераванд. Шароите, ки ширкатҳои Русия пешниҳод мекунанд, ширкатҳои қазоқистонӣ дода наметавонанд,-илова кард ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, ки ниҳоди онҳо аз соли 2020 то ба ҳол ягон нафарро барои кор ба Қазоқистон нафиристодааст ва танҳо дар соли 2019-ум 43 нафарро фиристода буданд.

Ин масъули Агенӣ гуфт, соли равон бо ширкати “Заус”-и Қазоқистон барои фиристодани муҳоҷирон гуфтушунид карда истодаанд ва умед, доранд, дар наздиктрин фурсат ба мувофиқа мерасанд.


Қазоқистон ҷойгузини Русия?!

Ҳоло ки нархи чиптаи ҳавопаймо ба самти Қазоқистон нисбат ба Русия арзонтар аст, муҳоҷироне ки дар ватан дармондаанду имкони рафтан ба Русия ро надоранд, кӯшиш намуда истодаанд, ки ба Қазоқистон раванд. Бо вуҷуди ин , коршиносон мегӯянд, Қазоқистон барои муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷойгузини (алтернатива) Русия шуда наметавонад. Онҳо мегӯянд, қонунгузории Қазоқистон дар масъалаи қабули муҳоҷирон сахттар буда, ҳамчунин, талаботи ин кишвар ба муҳоҷирон дар муқоиса бо Русия камтар аст.

Як таҳлилгари тоҷик, ки чанд сол аст масоили муҳоҷиратро дар дохил ва хориҷи кишвар таҳқиқ намудааст (нахост аз ӯ ном барем), гуфт, қонунгузории Қазоқистон дар мавриди қабули муҳоҷирон нисбат ба Русия сахттар аст. Ӯ гуфт, агар қонунгузории муҳоҷирати Русия фасодзада ва барои вуруди муҳоҷирон монеаҳои ҳангуфт гузошта бошад, пас тибқи қонунгузории Қазоқистон онҳо муҳоҷирони камтаҷриба ё ба қавле беҳунар ниёз надоранд ва онҳоро қабул намекунад


- Қазоқистон дар сиёсати худ ба таври возеҳ қайд мекунад, ки ба онҳо муҳоҷиронии меҳнатии баландихтисос лозим аст. Ҳарчанд, ки онҳо ба чунин муҳоҷирон ниёз доранд, махсусан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ. Ба ғайр аз ин дар ин кишвар мушкилоти меҳнати иҷборӣ хело зиёд аст. Муҳоҷирони мо он меҳнате, ки дар Русия мекунанд, дар Қазоқистон карда наметавонанд. Ин кишвар алтернативаи муҳоҷирони кории тоҷике мебошад, ки аз Русия ихроҷ шудаанд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.