Ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки субҳи рӯзи 28-уми сентябр корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ баромад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби эълон шудани афв, парвандаи ҷиноӣ нисбати ёвари прокурор қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Ф.Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола  бар асари зери чархи автомашинаи  ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид.