Ҷамшед Ёров, адвокати ба ҳабси абад маҳкумшудаи муовини раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бародари адвокат Бузургмеҳр Ёров пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шудааст, - иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти хешовандону наздикони ӯ.
Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, қарори ҳабси бародараш дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хонда шудааст. «Қарори ҳабси бародарам бо ҳузури додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва муфаттиши парванда бар асоси моддаи 111-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, яъне "ба ҳабс гирифтан" содир шудааст», - гуфтаст ӯ.
Ба қавли номбурда, интизор меравад, имрӯз бародарашро аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия, воқеъ дар назди маҳбаси рақами 1-и Душанбе, интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошт ва иттиҳоми алайҳи Ҷамшед Ёровро эълон накардаанд ва чизе, ки то ҳоло дастраси расонаҳо шудааст, хабари хонаводаи ӯст, ки мегӯянд, Ҷамшед Ёров ҳафтаи гузашта нопадид шуд ва баъдан телефонӣ ба онҳо расонд, ки гӯё барои ифшои ҷузъиёти ҳукми аъзои ҲНИТ боздошт шудааст.
Вале хонаводаи Ҷамшед Ёров гуфтаанд, ӯ танҳо аз ҳаққи Маҳмадалии Ҳаит дифоъ мекард ва ба ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дастрасӣ надошт.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста