Мувофиқи қарори суди шаҳри Жуковскии вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе рӯзи 29 август ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, то 29 сентябр дар ҳабс мемонад.

Тавре ба “Азия-Плюс” наздикони Давлатқадам хабар доданд, айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кашир қарор дошта, то муайян шудани натиҷаҳои ташхиси тиббӣ он ҷо мемонад.

Шамс, бародари Давлатқадам ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳеҷ касеро ба дидор бо бародараш иҷоза надодаанд ва онҳо аз ҳолу вазъи ҳозираи ӯ огаҳӣ надоранд.

“Мо адвокат киро намуда, бо ёрии ӯ исбот карднием, ки Давлатқалам ба бемории ҷиддии рӯҳӣ гирифтор аст. Адвокат изҳор намуд, ки натиҷаҳои ташхиси тиббиро интизор шудан лозим аст, лекин кай он гузаронида мешавад, маълум нест”, - хабар дод Шамс.

Ба гуфтаи ӯ, агар исботи ба бемории ҷиддии рӯҳӣ гирифтор будани бародараш муяссар шаваду табибон онро тасдиқ кунанд, Давлатқадамро ё ба Тоҷикистон ва ё ба муолиҷаи маҷбурӣ мефиристанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 август ҳавопаймои хатсайри Маскав - Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби Давлатқадам Давлатқадамов ва ба муноқишаву ҷанҷол пардохтани ӯ, маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.