Бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ 336 килову 460 грамм маводи нашъаовар нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, маросими сӯзонидан ва несту нобуд кардани маводи нашъаовар бо роҳбарии муовини сардори Раёсат ва иштироки намояндагони мақомоти Прокуратураи вилоят, Раёсати Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ, Раёсати КДАМ ва мақомоти гумрук дар вилоят бо тартиб додани санади дахлдор баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории амалиёти «Кукнор -2019» аз тарафи РВКД дар ВМКБ тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят давоми 14 рӯзи амалиёти «Кукнор-2019» 17 ҳолати дарёфт намудани растаниҳои нашъадори бангдонаи худрӯй ба миқдори 198 ҳазору 603 бех решакан ва несту нобуд карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.