Сарбози қатории Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Достон Саидовро суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) гунаҳкор эътироф намуда, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбӣ иттилоъ дод, сарбоз моҳи марти соли 2018 ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаалаҳи Тоҷикистон даъват шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ Достон Саидов дар ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ ҳамхизматаш Ҷ.Тӯйчиевро лату кӯб ва таҳқир кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи ташхиси судиву тиббӣ, дар натиҷа Ҷ.Тӯйчиев ҷароҳатҳои сабуки ҷисонӣ бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.